вазорати корхои дохила что
Вазорати корхои дохила что
Службу в органах внутренних дел начал с инспектора Отдела по борьбе с экономическими преступлениями ОВД Муминабадского района, далее занимал должности начальника Отдела по борьбе с экономическими преступлениями ОВД Дангаринского района, заместителя начальника ОБЭП Кулябской области.
С 1992 по 1994 гг. работал начальником ОВД Дангаринского района.
С 1994 по 2001 гг. занимал должности начальника ОВД Ховалингского, Нурекского районов, затем работал заместителем начальника Управления по борьбе с экономическими преступлениями Министерства внутренних дел.
С 1994 по 2001 года занимал должности начальника ОВД Ховалингского и Нурекского районов, затем работал заместителем начальника Управления по борьбе с экономическими преступлениями Министерства внутренних дел.
В 2001 году работал уполномоченным представителем Бюро по координации борьбы с организованной преступностью и иными опасными видами преступлений на территории СНГ (БКБОП) и затем на должности первого заместителя Директора данного Бюро.
В 2005 году работал в должности заместителя Министра внутренних дел Республики Таджикистан и в 2007 году занимал должность начальника Миграционной службы МВД Республики Таджикистан
В апреле 2008 года Рахимзода Рамазон Хамро назначен заведующим Отдела обороны и правопорядка Исполнительного Аппарата Президента Республики Таджикистан.
После года работы в Исполнительном Аппарате Президента Республики Таджикистан 7 февраля 2009 года был назначен первым заместителем Министра внутренних дел Республики Таджикистан.
За особые заслуги перед Отечеством Рахимзода Рамазон Хамро был награжден следующими государственными наградами и имеет звания:
— Почетной грамотой Президента Республики Таджикистан 2001 год;
— кандидат в мастера спорта по шахматам 2001 год;
— орденом «Спитамен», 1 степени 2004 г.;
— заслуженный юрист Республики Таджикистан 1998 г.;
— заслуженный сотрудник по физкультуре и спорту Республики Таджикистан в 2010 году;
— «Почётный отличник образования Таджикистана» 2013 году;
— орденом «Зарринтодж», 2 степени 2013 году;
— член-корреспондент Всемирной Академии Наук Комплексной Безопасности, в 2012 году;
— Лауреат Премии Мухаммада Осими в области социальных наук 2016 году;
— Юбилейная медаль «30-летие Государственной Независимости Республики Таджикистан» 2021 году.
23 декабря 2016 года, Решением экспертной комиссии Академии правоохранительных органов при генеральной Прокуратуре Республики Казахстан, Министр внутренних дел генерал-лейтенант милиции Рахимзода Рамазон Хамро стал победителем международного конкурса «Лучшее издание для высших учебных заведений в области деятельности правоохранительных органов» в названии «Лучшее издание, посвященное проблемам уголовного процесса, криминалистики и теории оперативно-розыскной деятельности».
Является автором учебной книги «Оперативно-розыскная деятельность» и инициатором введения предмета оперативно-розыскной деятельности как отдельной сферы юридической науки в учебную программу и в тестировании.
Автор более 100 научных работ, учебных книг, диссертаций, монографий, учебных пособий, комментарий к законам, борьбы с преступностью, терроризмом, экстремизмом и экономическими преступлениями.
Указом Президента Республики Таджикистан от 5 января 2012 года Рахимзода Рамазон Хамро был назначен Министром внутренних дел Республики Таджикистан.
20 ноября 2013 года Указом Президента Республики Таджикистан Рахимзода Рамазон Хамро назначен на пост Министра внутренних дел Республики Таджикистан.
В соответствии с Указом Президента Республики Таджикистан № 32 от 3 ноября 2020 года Рахимзода Рамазон Хамро назначен на пост Министра внутренних дел Республики Таджикистан.
Вазорати корхои дохила что
Саволу ҷавоб
Cаволҳои худро ба воситаи почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ирсол намоед
Салом ба ВКД. Хохиш дорам равшани адндозед: Мутобики талаботи 7.7-и Номгуи носозихо ва шартхое, ки истифодабарии воситаи наклиетро манъ менамояд (кисми Коидаи харакат дар рох), бе аптечка, аломати садамаваи ва сухторхомушкунак рондани воситаи наклет манъ карда шудааст. Нозирони БДА даруни аптечкаро як ба як аз назар мегузаронанд, ин амали онхо бисьер вакти ронандаро мегирад. Савол:1. Дар асоси кадом талабот (конун) даруни аптечка аз тарафи нозири рох аз назар гузаронида мешавад (ин худ досмотр мебошад ва хатман дар ин холат шохидони холис бояд даъват карад шаванд, ва протоколи досмотр тартиб дода шавад)? 2. Дар кадом талабот гуфта шудааст, ки дар даруни аптечка чи намуд дору ва е маводи тибби хатман бояд бошад?
Тибқи талаботи банди 7.7-и номгӯи носозиҳо ва шартҳое, ки истифобдабарии воситаи нақлиётро манъ менамояд (қисми Қоидаи ҳаракат дар роҳ), вуҷуд надоштани сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак мебошад. Аз ин хотир корманди БДА дар асоси талаботи банди номбурдаи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997, № 565 тасдиқ шудааст, вазифадор мебошад, ки зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳатман аз мавҷудияти сандуқчаи тиббӣ ва маводҳои дорувории дохили он, ки барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ зарарият доранд, аҳамият диҳад. Ҳамчунин номгӯи маводҳои дорувории ёрии аввалини тиббӣ низ дар ҳамин сандуқчаи тиббӣ пешбинӣ шудааст.
Ман Ашурзода Бахтиёр соли 2013 воситаи нақлиётамро аз шаҳрванд Р харидори намудам бо Бовариномаи ҳуқуқи таъмин мебошам. Аз бай қариб се сол сипари гардидааст. Ман меҳхоҳам воситаи нақлиётамро пурра бо номи худам ҳуҷҷатгузори намоям ва рақами қайди давлатиамро дигар кунам, ҳангоми ба Шуъбаи бозрасии давлатии автомобили муроҷита намудам ба ман ҷавоб доданд, ки воситаи нақлиёти Шумо аз шаҳри бехатар 39 қонунвайронкуни дорад. Аммо тамои қонунвайронкуниҳои содиршуда то харидори намудани воситаи нақлиёт аз ҷониби ман рух додааст. Савол: Ман дар кадом асос бояд бар ҷойи дигар шахси қонунвайронкунанда маблағи онро пардохт намоям. Ҳоло он, ки тибқи талаботи Моддаи 33. қисми 2 сархати 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Агар аз рўзи содир шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии зерин шаш моҳ гузашта бошад, шахс ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад. Бинобар ин дар асоси гуфтаҳои боло аз Шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки нисбати мазкур кумаки амалии худро расонед.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 87 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт (“Шаҳри бехатар”) сабт шудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба соҳиби воситаи нақлиёт расми сабти видеоии ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ ва амрномаи намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқараргардида бо зикри андозаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда фиристода мешавад. Дар ҳолате, ки Шумо ваколатнома доред соҳиби воситаи нақлиёт ҳисобида мешавед. Шуморо лозим меояд, ки барои пардохт намудани ҷарима оид ба қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз тарафи Шумо содир нашудааст, ба соҳиби воситаи нақлиёт муроҷиат намоед. Ҳангоми саркашӣ намудани соҳиби воситаи нақлиёт аз пардохт намудани ҷаримаҳо оид ба қоидавайронкуниҳои содирнамудааш, Шумо метавонед тариқи ариза ба суд муроҷиат намоед. Ҷаримаи маъмурӣ нисбати шахси содирнамудаи қоидавайронкунии ҳаракат дар роҳ татбиқ карда мешавад.
Тибқи сархати панҷуми кисми 2 моддаи 33 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида намешавад, ба шарте, ки дар давоми 6-моҳ аз рӯзи содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қарор дар бораи таъин намудани ҷазои маъмурӣ қабул нашуда бошад. Барои маълумоти пурра гирифтан метавонед ба шӯъбачаи амалияи маъмурии МАИН ва ТҶ Раёсати БДА утоқи №7 бо пешниҳод намудани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва ваколатнома муроҷиат намоед.
Салому алайкум! Дар мавриде, ки хучати ронандагиям бо сабаби вайрон кардани коида рох гирифта шуда ба иввазаш хучати муакати пешниход мешавад у то чанд руз эътибор дорад? Ва агар хучати манро дар дигар шахр гирифтанду сари вакт ба Шуъбаи БДА махали зистам нарасонидан, дар ин маврид чикор кунам?
Ҳангоме, ки нисбати ронанда протоколи маъмурӣ тартиб дода мешавад, ба ивази шаҳодатномаи ронандагиаш иҷозатномаи муваққатӣ, ки бо талони қайди қоидавайронкунӣ 30 шабонарӯз эътибор дорад, дода мешавад.
Дар сурати сари вақт ба ҷойи истиқомати ронанда ворид нашудани ин ҳуҷҷат аз тарафи шахсони масъули БДА-и маҳали зисти ӯ мӯҳлати эътиборнокии ҳуқуқи ронандагӣ дар талони қайди қоидавайронкунӣ то 2 моҳи дигар дароз карда мешавад.
Салому алайкум кормандони ВКД Равшани андозед Барои харидории таппончаи овози (сигналный) ки онхо намепаронанд факат овоз доранд барои тарс додан ичозатнома зарур аст масалан дар Федератсияи Росия барои харидории онхо ягон ичозатнома лозим нес. Онро мо дар клип истифода кардан мехохем. Ташакури зиед.
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки силохи овозй яке аз намудхои силох,и ишоракунанда ба хисоб рафта, тибки талаботи моддаи 18 Конуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи силох» аз 19 марти соли 2013, №939, шахрвандони Ч,умхурии Точикистон, ки ба синни бистуяксолагй расидаанд, баъд аз пешниход намудани хамаи хуччатхои лозим а ба макомоти корхои дохилии махалли истикомат ва супоридани санчиш оид ба донистани коидахои муносибати эхтиёткорона бо силох, онхо хукуки гирифтани рухсатнома барои сохиб шудан ба силохи ишоракунандаро пайдо мекунанд.
Салом,хангоми пас аз тафтиш кардани хучатхо аз тарафи корманди бда ягон камбудии нефтан корманди бда хак дорад бе ягон хел гувох ва тартиб додани акти тафтиши воситаи наклиетро худсарона ронандаро аз наклиеташ багочро боз кунед гуен фароварда тафтиш кунад
Кормандони Бозрасии давлатии автомобили зимни тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ҳуқуқ доранд бағоҷи воситаи нақлиётро бо мақсади муайян кардани мавҷудияти таҷҳизотҳои зарурӣ (сандуқчаи тиббӣ, аломати садамавӣ ва оташхомушкунак) аз назар гузаронанд.
Ассалому алейкм илтимос ба саволи ман чавоби дуруст дихед ман дар шахри руссия ман корти ронандагиам ро гум кардам чихел ду бора бар гардонам ман шаройити ба ватан гаштан ро надорам
Барои барқарор намудани шаҳодатномаи ронандагӣ дар сурати гум шудани он, шаҳодатномаи нав бо сабти «Нусхаи дуюм» аз тарафи воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии маҳалли зисти доимии шаҳрванд (Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар асоси ариза бо қайди воҳиди Бозрасии давлатии автомобилӣ дар хусуси дар рӯйхати шахсони аз ҳуқуқи идоракунии воситаҳои нақлиёт маҳрумгашта мавҷуд набудан, варақаи ронандагӣ, маълумотномаи тиббӣ ва гувоҳнома оид ба хатми муассисаи таълимӣ дода мешавад.
салом ман истикомат кунандаи ш.Конибодом аслан корманди гайи низ як банда аст лек онхо формаи милитсяро дида аз худ рафтанд мо низ хизмат караги лек онхо бе нихояд зури мекунад корманди гайи бояд ба шахрванд чи тавр муносибат кунад
Тибқи талаботи фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 январи соли 2006, №1 «Дар бораи хушмуомилагӣ ва муносибати бодиққати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ бо шаҳрвандон» ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ вазифадор мебошад, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо шаҳрвандон хушмуомила бошад.
Салом. Оё нафакахурони ВКД барои пушида гаштани либоси низоми хукук доранд, дошта бошанд дар кадом мавридхо.
Банди-51, зербанди б-и «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва хурди рохбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар намудааст, ки ба шахсони ҳайати калон ва олии роҳбарикунанда ғайр аз шахсони ҳайати миёна ва калони роҳбарикунандаи милитсия, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ва хизмати ҳарбӣ 20 сол ва зиёда бенуқсон хизмат кардаанд (бо ҳисобкунии имтиёзӣ) ҳангоми озодкунӣ ба истеъфо ё эҳтиётӣ бо фармони сардороне, ки озодкуниро амалӣ менамоянд, ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқарраршуда дода мешавад, инчунин аз тарафи сардорони мазкур ҳуқуқи пушида гаштани либоси намуди муқараршуда барои шахсоне, ки барои содир намудани чиноят ва амалу кирдоре, ки шаъни макомоти корҳои дохилиро паст мекунанд, маҳкум шудаанд, қатъ карда мешавад.
Ба шахсоне, ки бо либоси низомӣ гаштан иҷозат дода шудааст, метавонанд дар ҳамаи мавридҳо либоси низомиро ба бар намоянд.
Салом! Саволам чунин аст! Истифода бурдани лабавойҳои пеши мошин ки пурра кабуд карда шудаанд ва меъёраш тахминан то 20 фоиз аз тарафи завод ранг карда шудаанд истифода бурдан мумкин аст? имрӯзҳо дар бозорҳо ин намуди лабавой фурӯхта мешаванд мо низ мехоҳем истифода барем оё иҷозат аст? Агар иҷозат набошад мувофиқи кадом қонун?
Мувофиқи талаботи Стандарти ГОСТи 5727-88 агар нургузаронии шишаи пеши (лобовой) воситаи нақлиёти Шумо на камтар аз 75 фоизро ташкил намояд, Шумо метавонед бидуни иҷозатнома воситаи нақлиётро истифода намоед. Тибқи дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо шишаи пеши сиёҳкардашуда ё дигар ранг, манъ мебошад.
Добрый день. Пишу по очень важному делу. Я Фирдавс Ниёзов, проживаю в г.Худжанде. Собираюсь на 1 год учится в Словакии. Для визы нужна справка о несудимости. Я взял справку в департаменте информационного дела МВД в Согдийской области. Сделал апостил в МИД-е и отправил копию в посольтсво. Там говорится что эта справка не подойдет и нужно взять справку в Душанбе. Причина они думают, что эта справка действительна только в Согдийском регионе. Что мне дальше делать? Идти в Душанбе или эта справка подойдет. Если она подходит могли бы вы сделать официальное письмо с текстом о том что вне зависимости где дана справка она действительна по всей Республике Таджикистан. Очень жду вашего ответа. Спасибо.
На основании требований Инструкции «О порядке представления гражданам справок о наличии (отсутствии) у них судимости» Информационные центры УМВД в областях уполномочены предоставлять гражданам справки о наличии (отсутствии) у них судимости. В исключительных случаях и при возникшей необходимости Главным информационно-аналитическим центром МВД Республики Таджикистан на основании Вашего письменного обращения в адрес начальника ГИАЦ МВД Республики Таджикистан с приложением справки выданной из Информационного центра УМВД в Согдийской области, будет выдана справка о наличии (отсутствии) судимости (при невозможности личного присутствия заявителя, с заявлением по вопросу представления справки о наличии (отсутствии) судимости у гражданина, может обратится уполномоченное им лицо).
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи мубориза бар зидди терроризм
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон с.1999, №11, мод. 275; с.2005, № 3, мод.116; с.2007, №5, мод.355;
с.2008, №10, мод.802; с.2012, №8, мод.816, с.2013, № 6, мод. 407; с. 2014, № 11, мод. 647, мод. 648
Қонуни ҶТ аз 25.12.15с., № 1266)
Қонуни мазкур асосхои хуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризмро дар Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Фасли I.
Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мақсадиқонунимазкур
Мақсади қонуни мазкур аз инхо иборат аст:
тадбиқи сиёсати давлатӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;
тадбиқи ӯхдадорихои байналмилалии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сохаи мубориза бар зидди терроризм;
танзими хуқуқии муносибатхои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;
ташаккули вазьи тоқатнопазири ахолии Ҷумхурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризм
Моддаи 3.Мафхуми терроризм
Моддаи 4.Мафхумхое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд
Мафхумхое, ки дар Қонуни мазкур истифода шудаанд, маьнои зеринро доранд:
– амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситахои таркандаи ядроӣ, моддахои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, захрнок сахттаьсир, захролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситахои нақлиёт ва дигар обьектхо; сӯиқасд ба хаёти ходими давлатӣ ҷамьиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯхои ахолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам; бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба хаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатхои дорои хусусияти техногенӣ ё тахдиди воқеъии ташкили чунин хатар; пахн намудани тахдид дар хар гуна шакл ва тавассути хар гуна воситахо; содир намудани дигар амволхое, ки боиси хавфи халокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатхои барои ҷамъият вазнин;
– ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ – ҷиноятхое, ки дар моддахои 179, 179 1 , 179 2 , 179 3 , 181, 182, 184, 184 1 , 184 2 , 184 3 , 184 4 , 185, 187, 193, 194, 194 1 , 194 2 , 194 3 , 194 4 , 194 5 , 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд. Ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ мумкин аст, дигар ҷиноятхое, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дар холати ба мақсади террористӣ содир намудани онхо дохил карда шаванд. Зимнан ҷавобгарӣ барои содир намудани чунин ҷиноятхо мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон сурат мегирад; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1139)
– гурӯхи террористӣ – шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттахид шудаанд;
– террорист – шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияи террористӣ дар хама гуна шакл иштирок менамояд;
– ташкилоти террористӣ – ташкилоте, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ таьссис дода шудааст ё дар фаъолияти худ имконияти истифодаи терроризмро эътироф менамояд. Ташкилот – террористӣ ба хисоб меравад, агар аққалан яке аз ҷузъу томхои дохилии ташкилот ё бо огохии аққалан яке аз мақомоти рохбарикунандаи он фаъолияти террористиро анҷом медихад;
– мубориза бар зидди терроризм – фаъолият оиди ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудан, то хадди камтарин расонидани оқибати фаъолияти террористӣ;
– амалиёти зиддитеррористӣ – чорахои махсус, ки барои пешгирии амали террористӣ, таъмини амнияти шахсони воқеъӣ, безарар гардонидани террористон, инчунин то хадди камтарин расонидани оқибати фаъолитяи террористӣ анҷом дода мешавад;
– минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ – қитъахои алохидаи махал, воситахои нақлиёт, бино, иморат, иншоот, хона ва қаламрави дар атрофи онхо, ки дар худудашон амалиёти мазкур гузаронида мешавад;
– гаравгон – шахси воқеъӣ, ки бо мақсади маҷбур кардани давлат, ташкилот ё шахсони алохида барои содир намудани ин ё он харакат ё худдорӣ намудан аз содир намудани ин ё он харакат хамчун шарти озод намудан дастгир ё боздошта шудааст;
Моддаи 5. Ҳамкории байналхалқии Ҷумхурии Тоҷикистон дар сохаи мубориза бар зидди террористзм
Фасли II.
Моддаи 6. Субъектхои бар зиддитеррори муборизабаранда
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон лоихаи барномахои давлатӣ, консепсияи мубориза бар зидди терроризмро тахия ва пешниход менамояд;
ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади сиёсӣ, миллӣ, нажодӣ ё ифроти динӣ доранд;
ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналмилалӣ;
таъмин намудани амнияти муассисахои Ҷумхурии Тоҷикистон дар хориҷа, коркунон ва аъзоёни оилаи коркунони ин муассисахо;
таъмини амнияти объектхои мухофизати давлатӣ ва хифзи шахсони мухофизатшаванда;
ошкор, пешгирӣ ва қатъ кардани кӯшиши рахна намудани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби террористон;
қатъ намудани ғайриқонунӣ ба воситаи Сарҳади давлатӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, заҳрнок, радиоактивӣ ва дигар предметҳо, ки бо мақсади террористӣ истифода шуданашон мумкин аст. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1139)
Вазорати корхои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон мубориза бар зидди терроризмро тавассути ошкор намудан, пешгирӣ ва қатъ намудани ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ, ки мақсади ғаразнок доранд, амалӣ менамояд.
Вазорати мудофиаи Ҷумхурии Тоҷикистон амнияти зиддитеррористии фазои хавоии Ҷумхурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар мавридхои зарурӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётхои зиддитеррористӣ кӯмак мерасонад.
иштирок дар таьмин намудани амнияти зиддитеррористии обьектхои мухофизатидавлатӣ ва хифзи шахсони мухофизатшаванда;
иштирок дар тайёр ва гузаронидани амалиётхои зиддитеррористӣ, амалӣ менамояд.
Вазорати адлияи Ҷумхурии Тоҷикистон тавассути назорат ба фаьолияти иттиходияхои ҷамьиятӣ ва хизбхои сиёсӣ, ки бо тартиби муқаррарӣ сабти ном шудаанд;
Вазорати корхои хориҷии Ҷумхурии Тоҷикистон тавассути гуфтушунид бо давлатхои хориҷӣ хангоми ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористии байналхалқи ва дар шаклхои дигаре, ки қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон муайян кардааст;
Кумитаи гумруки назди хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавассути қать намудани ғайриқонунӣ аз сархади гумрукӣ гузаронидани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, маводи тарканда, захрнок, радиоактивӣ ва дигар предметхо, ки мумкин аст ба мақсадхои террористӣ истифода шаванд, инчунин бо расондани ёрӣ ба мақомоти амнияти давлатӣ дар мубориза бар зидди фаьолияти террористии байналхалқӣ. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1139)
Фасли III.
Фаъолияти террористӣ ва зиддитеррористӣ
Моддаи 10. Фаъолияти террористӣ
Фаъолияти террористӣ фаъолиятест, ки инхоро дар бар мегирад:
ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ;
иғво андохтан ба амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеъӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани амвол ва дигар объектхои моддӣ бо мақсадхои террористӣ;
ташкили вохидхои ғайриқонунии мусаллах, иттиходи ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткори), гурӯххои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, хамчунин иштирок дар чунин амал;
ҷалб кардану мусаллах гардондан, таълим додан ва истифода бурдани террористхо;
бо маблағ таъмин кардани ташкилоти бараъло террористӣ ё гурӯхи террористӣ ё кӯмаки дигар ба онхо.
Моддаи 11. Фаъолияти террористии байналхалқӣ
Ҷумхурии Тоҷикистон ӯхдадорихои байналхалқии худро ба асос гирифта, чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналхалқӣ эътироф менамояд, ки он ба амал бароварда мешавад:
аз ҷониби шахрвандони як давлат нисбати шахрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;
бо мақсади вайрон кардани тартиботи хуқуқии байналхалқӣ.
Моддаи 12. Фаъолияти зиддитеррористӣ
Фаъолияти зиддитерроистӣ фаъолиятест, ки бо мақсади химояи шахс, ҷамъият ва давлат аз фаъолияти террористӣ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 13. Принсипхои фаъолияти зиддитеррористӣ
Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба принсипхои зерин асос меёбад:
2) эхтироми хуқуқу озодихои инсон ва шахрванд;
3) ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;
4) бо хам пайвастани усулхои ошкор ва пинхонии мубориза бар зидди терроризм;
5) афзалиятнокии мухофизати хуқуқи шахсоне, ки дучори хатар гардидаанд;
6) қонунӣ будани расонидани зарар ба террорист;
7) яккасардорӣ дар рохбарии оперативӣ ба қуввахо ва воситахои ҷалбшаванда хангоми гузаронидани амалиётхои зидди террористӣ;
8) пинхонкории қатъӣ хангоми гузаронидани амалиётхои махсуси зиддитеррори
Фасли IV.
Мубориза бар зидди терроризм
Моддаи 14. Ошкор кардани фаолияти террористӣ
Шахсони мансабдор ва шахрвандон ӯхдадоранд ба мақомоти амнияти давлатӣ ва (ё) мақомоти корхои дохилӣ аз хамаи ходисахое, ки аломатхоионхо дар хусуси терроризми тайёркардашаванда ё содиршуда гувохӣ медиханд, фавран хабар диханд.
Фош кардани маьлумот дар бораи шахсоне, ки чунин ахборотро додаанд, танхо бо розигии онхо мумкин аст.
Моддаи 15. Пешгири намудани фаьолияти террористӣ
Бо мақсади пешгирӣ намудани фаьолияти террористи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мань аст:
таьсис додан, сабти ном кардан ва амал намудани ташкилотхое, ки фаолияти террористиро мақсади худ қарор додаанд;
вориду хориҷ шудан ё бо транзит тавассути қаламрави ҷумхурӣ гузаштани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;
додани хуҷҷати зист ба шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;
ба шахрвандии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул кардани шахрвандони хориҷи, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок кардаанд;
бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани маблағҳо бо мақсади пурра ё қисман истифода кардани онҳо барои амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва ё бо дарки он, ки ин маблағҳо барои амалӣ кардани фаъолияти террористӣ истифода мешаванд; (ҚҶТ аз 13.06.13с. №969)
аз ҷониби кормандони автовакзалхо, вокзалхои рохи охан ва аэровокзалхо аз мусофирон ба амонат қабул намудани бағоҷ, бори дастӣ (ба ғайр аз кормандони ба ин мақсадхо ваколатдори бағоҷхонахо);
гузаронидани гирдихамоихо, намоишҳо ё пикеткунӣ дар ҷойхои муқаррарнашуда.
Ба мақсади пешгирӣ намудани фаъоляти террористӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон ба инхо рох дода мешавад:
мустахкам намудани чорабинихои мухофизатию режимӣ дар мақомоти хокимияти давлатӣ ва худидоракунии махаллӣ, дар корхонахое, ки барои хаёт ва саломатии инсон ва мухити хист хатари калон доранд;
бо дархости мақомоти салохиятдори давлатхои хориҷӣ тибқи меьёрхои хуқуқи байналхалқӣ супурдани шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ дар қаламрави ин давлатхо иштирок намудаанд;
ҷамьовари, тахлил, ҷамьбаст намудани маьлумотхо доир ба ташкилотхои террористӣ ва шахсоне, ки дар фаьолияти террористӣ иштирок мекунанд (иштирок кардаанд) ва ба нуқтаи мутамарказии байниидорави маьлумот доир ба проблемахои терроризми назди Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани онхо;
Пешгирӣ намудани фаьолияти террористӣ, инчунин амалӣ гардонидани дигар чорабинихоро низ дар бар мегирад, ки онхоро қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст пешбинӣ кардаанд.
Моддаи 16. Қать гардонидани фаьолияти террористӣ
Моддаи 17. Тафтиши ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ
Моддаи 18. Истехсолоти судӣ аз рӯи парвандахои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ
Парвандахои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятхои дорои хусусияти террористӣ, инчунин парвандахои гражданӣ дар бораи ҷуброн кардани зарар, мумкин аст бо қарори суд дар маҷлисхои пушидаи судӣ барраси карда шаванд.
Фасли V.
Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ
Моддаи 19. Гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ
Барои гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисони махсус тайёркардашудаи субьектхое, ки дар моддаи 7 хамин қонун номбар шудаанд, инчунин дар холатхои истисноӣ хайати шахсӣ, қувваю воситахои субъектхои дар қисми якуми моддаи 9 хамин қонун номбаршуда ҷалб карда мешаванд.
Амалиёти зиддитеррористӣ бевосита тахти рохбарии ситод, ки бо хамин мақсад таъссис дода мешавад, гузаронида мешавад. Дар айни хол хамаи шахсоне, ки ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ҷалб карда мешаванд, аз лахзаи оғози амалиёти мазкур ба рохбари ситод итоат мекунанд.
Дахолати хар гуна шахс ба рохбарии оперативии амалиёти зиддитеррористӣ, манъ аст.
Моддаи 20. Минтақаи гузаронидани амалиёти зидди террористӣ ва режими хуқуқии он
Сархади минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористиро рохбари ситод вобаста ба миқёс ва дараҷаи оқибатхои хатари ҷмъиятии амали террористӣ муайян менамояд.
Дар минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ шахсоне, ки ин амалиётро мегузаронанд, хақ доранд:
дар мавриди зарури бароӣ муваққатан махдуд кардан ё манъ намудани харакати воситахои нақлиёт ё пиёдагардхо дар кӯчахо ва роххо чорахо бинанд;
хуҷҷатхои шахрвандон ва шахсони мансабдорро, ки шахсияти онхоро тасдиқ мекунад тафтиш кунанд, дар холати набудани чунин хуҷҷатхо бо мақсади муқаррар кардани шахсияти онхо ин шахсонро дастгир намоянд;
шахсонеро, ки хуқуқро вайрон кардаанд ё вайрон мекунанд, ё дигар амале зохир менамоянд, ки он ба талаботхои қонунии шахсони гузаронандаи амалиёти зиддитеррористӣ халал мерасонад, инчунин амале, ки бе иҷозат барои ворид шудан ё кушиши ворид шудан ба минтақаи гузарондани амалиёти зидди террористӣ иртибот доранд, дастгир намоянд ва ба мақомоти корхои дохилӣ баранд;
ба бинохои истиқоматӣ ва дигар бинохои шахрвандон, ба худуд ва бинохои корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста ба шакли моликият, воситахои нақлиёт хангоми қатъ намдани амали террористӣ, таъқиб кардани шахсоне, ки ба содир кардани амали террористӣ гумонбар мешаванд, агар сусткорӣ ба хаёт ва саломатии одамон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, бемамониат ворид шаванд;
хангоми гузаштан (савора гузаштан) ба минтақаи гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ва хангоми даромадан ба (баромадан аз) минтақаи мазкур воситахои нақлиётро ба истиснои воситахои нақлиёти намояндагихои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагихои давлатхои хориҷӣ ва барои дар онхо кашондашаванда, аз ҷумла бо истифодаи воситахои техникӣ тафтиш намоянд;
бо мақсадхои хизматӣ воситахои алоқа, аз ҷумла воситахои алоқаи махсуси шахрвандон инчунин корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро новобаста ба шакли моликият истифода баранд;
бо мақсадхои хизматӣ воситахои нақлиётро, ки ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо новобаста ба шакли моликият ман субанд, истифода баранд, ба истиснои воситахои нақлиётии намояндагихои дипломатӣ, консулӣ ва дигар намояндагихои давлатхои хориҷӣ, дар холатхои таьҷилӣ бошад, воситахои нақлиётии шахрвандонро низ барои пешгирии амали террористӣ таькиб ва дастгир намудани шахсоне, ки амали террористӣ содир кардаанд ё барои ба муассисаи табобатӣ бурдани шахсоне, ки ба ёрии таьҷилии тиббӣ эхтиёҷ доранд, инчунин барои рафтан баҷои воқеьа, истифода баранд.
Моддаи 21. Махдудятхои дигар хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ
Рохбари ситод дар минтақаи гузаронидани амали зиддитеррористӣ хақ дорад ба манфиати таьмини амнияти шахсӣ рох додани кормандони васоити ахбори оммаро ба ин минтақа, инчунин фаолияти онхоро дар бораи додани ахбор ба ахли ҷамьият оид ба гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ бо рад кардани додани ахбороти зерин, ки;
тактика ва методикаи гузаронидани амалиётро ошкор менамояд;
маьлумотро дар бораи шахсони иштирокчии амалиёт ошкор менамояд;
маьлумотро, ки сирри давлатӣ мебошад, ошкор менамояд;
маьлумотро, ки ошкор кардани он шаьну шарафи гаравгонро паст мезанад, махдуд гардонад.
Фасли VI.
Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст.
Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд
Моддаи 22. Ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи амали террористӣ расонда шудааст
Ҷуброни зараре, ки ба шахсони воқеьи ва хуқуқӣ дар натиҷаи амали террористӣ расонида шудааст, аз хисоби маблағи буҷети ҷумхурӣ ба амал бароварда, баьдан он ба тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз шахси зараррасонида ситонида мешавад.
Моддаи 23. Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амал терористӣ зарар дидаанд
Барқарорсозии иҷтимоии шахсоне, ки дар натиҷаи амали терористӣ зарар дидаанд, аз хисоби маблағи буҷети ҷумхурӣ бо мақсади баргардонидани онхо ба хаёти мӯьтадил ба амал бароварда мешавад ва он ёрии хуқуқӣ, психологӣ, тиббӣ, барқарорсозии касбӣ, дар холатхои зарурӣ ба кор барқарор кардан, ба онхо додани манзилро дар бар мегирад.
Тартиби барқарорсозии иҷтимоии шахсонеро, ки аз амали терористӣ зарар дидаанд, хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Фасли VII.
Ҳимояи хуқуқи ва иҷтимоии шахсоне,
Моддаи 24. Шахсоне, ки ба химояи хуқуқӣ ва иҷтимоӣ дахл доранд
Ба химояи хуқуқӣ ва иҷтимоӣ инхо дахл доранд;
1) хизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ бевосита иштирок кардаанд;
2) шахсони ба мақомоти давлатии барандаи мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ ва то хадди камтарин расонидани оқибатхои он дар асоси доимӣ ё муваққатӣ кӯмак мерасонанд;
3) шахсони дар бораи фаьолияти террористӣ ва хар гуна дигар вазьият маълумот додаанд ва ахбороти онхо барои пешгирӣ, ошкор ва қать намудани фаьолияти террористӣ мусоидат намудааст;
Дар сурати халок гардидани шахсони дар бандхои 2 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ё маъюб шудан ё маҷрух (захмин) шудан, ки боиси маъюбӣ нашудааст, чорахои химояи хуқуқӣ ва иҷтимоии дар Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бори фаьолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» пешбинигардида, тадбиқ карда мешавад.
Дар сурати хангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ маҷрух (захмин) шудани шахсони дар бандхои 3 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда, ки боиси маъюбӣ нашудааст, ба онхо кӯмакпулии яквақта дар хаҷми сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо; хангоми маҷрух(захмин) шудани онхо ки боиси маъюбӣ шудааст,- дар хаҷми панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо дода мешавад, дар сурати халок шудан ба аъзоёни оилаи онхо дар хаҷми якхазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо кӯмакпулӣ дода, нафақа бо сабаби гумкардани саробон таьин карда мешавад.
Барқарорсозии иҷтимоии шахсони дар бандхои 2-3 моддаи 24 хамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи иштироки онхо дар амалиёти зиддитеррористӣ зарар дидаанд, аз хисоби маблағи буҷети ҷумхурӣ пардохта мешавад.
Тартиби барқарорсозии иҷтимоии ин шахсон, инчунин дар холати ба амнияти онхо тахдид кардани хатар, тағйир додани маьлумотхои шиноснома, ҷои истиқомат, кор (тахсил), тағйир додани андоми ин шахсон бо рохи тиббӣ аз ҷониби хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Фасли VIII.
Ҷавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ ва озод кардан аз ҷавобгарӣ
Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои фаьолияти террористӣ
Шахсоне, ки ба фаъолияти террористӣ машғул мешаванд ё бо террористхо ва ташкилотхои террористӣ ёрӣ мерасонанд, инчунин фаъолияти онхоро тарғиб менамоянд, мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Шахсоне, ки аъзои ташкилоти террористӣ набуда, аммо аз номи онхо амали террористӣ содир кардаанд ё дар ташкили он, таъмини маблағ, таъмин ва мусаллах гардонидани он иштирок менамояд, баробари аъзоёни ташкилотхои террористӣ ҷавобгар мебошанд.
Шахсоне, дар бораи мавҷудияти ташкилоти террористӣ ё шахсони алохида ба фаъолияти террористӣ шарик буда, маълумот дошта, аммо дар ин бора ба мақомоти дахлдори давлатӣ хабар надодаанд, тибқи Кодекси ҷинояти Ҷумхурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 27. Ҷавобгарии ташкилот барои фаъолияти террористӣ.
Дар сурати аз ҷониби суд террористӣ эътироф карда шудани ташкилот, он бо қарори суд бархам дода, амволаш мусодира шуда, ба даромади давлат гузаронида мешавад.
Моддаи 28. Озодкунӣ аз ҷавобгарӣ.
Шахсоне, ки бо хохиши намояндагони мақомоти хифзи хуқуқ ё дигар мақомоти давлатӣ, командирони киштихои хавоӣ барои қать ё пешгирӣ кардани амали террористӣ ёри расонидан, барои амали ба муқобили террористон истифода бурдаашон мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон, ҷавобгар намебошанд.
Фасли IХ.
Муқарароти хотимавӣ
Моддаи 29. Ҳисоботи имтиёзноки хизмати дарозмуддат ва иловапулихо ба маоши хизматӣ
Барои иштирок дар амалиёти мушаххаси зиддитеррористӣхизматчиёни харбӣ, кормандон ва мутахассисоне, ки хизматро дар ҷузъу томхои бевосита бар зиддитерроризм муборизабаранда адо менамоянд, инчунин шахсоне, ки дар гузаронидани ин амалиёт ёрӣ расонидаанд, мумкин аст аз ҷониби рохбарони мақомоти дахлдори давлатӣ бо мукофоти яквақтаи пулӣ ба андоза ва тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон хавасманд гардонида шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,16 ноябри соли 1999
№ 845
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон
«Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон соли 1999, №11, мод. 276)
Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистонқарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
2. Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон:
ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» мувофиқ гардонидани қонунхои Ҷумхурии Тоҷикистон таклифхо пешниход намояд;
қарорхои худро ба Қонуни мазкур мувофиқ намояд.
Раиси Маҷлиси Олии
С. РАҶАБОВ
Ҷумхурии Тоҷикистон
ш. Душанбе, 16 ноябри соли 1999
№ 846